2 Декабр 2023 - 09:31
Размоиши баҳрии муштараки Эрон,Русия ва Чин

Фармондеҳи нируи дарё(баҳри)и артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон аз баргузории размоиши дарёии муштараки Эрон, Русия ва Чин хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, адмирал(дарёдор) Шаҳроми Эронӣ бо ишора ба баргузории размоиши дарёии муштараки Эрон, Русия ва Чин гуфт:Кишварҳои Покистон, Бразилия, Уммон, Ҳинд, Африқои ҷанубӣ ва бархе аз кишварҳои ҳамсоя дар баҳри Хазар низ ба унвони нозир даъват шудаанд.

 Дарёдор Эронӣ паёми аслии баргузории размоишҳои муштарак дар минтақаро тавони таъмини амният дар минтақа донист ва таъкид кард, паёми аслии размоишҳои муштарак дар минтақа ин аст, ки имрӯз барои таъмин амният ва эминии киштиронӣ ниёз ба ҳузури кишвари севвум вуҷуд надорад ва кишварҳои минтақа метавонанд бо ҳамкории якдигар амниятро барқарор кунанд.

 Фармондеҳи нируи дарёии артиши Эрон ҳамчунин ба баргузорӣ ва ифтитоҳи намоишгоҳи тавонмандиҳои ин ниру ишора ва изҳор кард, ин намоишгоҳ имрӯз(шанбе) дар ҳавзаҳои мухталифи қитъасозӣ, тавонмандии бахши нарм, шиноварҳои сатҳӣ ва зерсатҳии бидуни сарнишинҳо дар Теҳрон ифтитоҳ мешавад ва бахшҳои мушакӣ, аждар ва ҷангҳои электроникӣ дар намоишгоҳи Бандари Аббос ба намоиш дар хоҳад омад.

 Дарёдор Эронӣ дар бораи раҳгирии новгон(кишти)ҳои кишварҳои фароминтақавӣ низ гуфт: Паҳподҳои муроқибатӣ ва шиносоии радаргурези Эрон бо иқтидор ва бидуни инки онҳо мутаваҷҷеҳ шаванд, болои сари новгуруҳҳои фароминтақавӣ парвоз мекунанд.

 

342/